11:19 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1317 0 0

Ду сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Ванҷ ба латукӯб ва дуздии худрав, мошин ва пули як ронандаи таксӣ муттаҳам дониста мешаванд

ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Кормандони Шӯъбаи вазорати умури дохила дар ноҳияи Рӯдакӣ аз боздошт гардидани ду роҳзан, ки яке сокини ҳамин ноҳия ва дигаре сокини ноҳияи Ванҷ аст, хабар медиҳад.

Ба идораи милитсияи дар ин ноҳия як нафар ронандаи таксӣ бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст, ки шаби 14 ба 15 - уми июл, ду мусофир ӯро аз шаҳри Душанбе киро карда, дар ноҳияи Рӯдакӣ латукӯб ва мошинаро рабуданд.

Зимнан, дар асоси муроҷиати ин ронанда, кормандони милитсия роҳзанонро бо гузашти як соат аз ин ҳодиса боздошт карданд.

Муайян гардид, ки сокинони ин ду ноҳия ба хотири ба даст овардани мошини муфт ва пули бедарду миён, ронандаи таксиро аз пойтахт киро карда дар ноҳияи Рӯдакӣ мавриди талукӯб қарор доранд.

Гаравгонгирии кӯдак ва талаби 25 ҳазор доллар аз модараш дар Душанбе-видео

Онҳо телефон, маблағ ва инчунин мошинашро гирифта, ба ӯ таҳдид карданд, ки "аз ҷойи ҳодиса фирор кунад, вагар на мекушанд".

Боздоштшудаҳо иқрор шуданд, ки ин корро дар ҳолати сархушӣ содир намуданд.

Манбаъ меафзояд, айни замон нисбати боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
навор, роҳзанӣ, боздошт, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ