11:11 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
320 0 0

Кумитаи ҳолатҳо фавқулодаи Тоҷикистон,  аз харобкориҳои сел тайи рӯзҳои истироҳатӣ хабар дода гуфт, хушбахтона зарари ҷонӣ надошт

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи расмии ин ниҳод сани 25-уми июли соли равон як сели харобкор, ки бар асари боронҳои пуршиддат ба заминҳои кишт ва хонаҳои мардум сарозер шуд, дар бахше аз хоҷагиҳои ноҳияи Деваштич зарари моддӣ расонд.

Селевой поток в Таджикистане
© Фото : Штаб МЧС в Согдийской области

Ба иттилои манбаъ, сел бегоҳии он рӯз, дақиқан аз соати 17:30 шуруъ шуда, тибқи маълумоти ибтидоӣ сел 15,76 га заминҳои кишти картошка, сабзӣ, ҷав, беда, 5 пулро дар деҳаи Овчи хароб кардааст.  ва осори худро дар деҳаҳои Угук ва Овчии ноҳия гузошт.

Манбаъ мегӯяд ҳамчунин дар пайи сел 13765 метр хатти обҳои нӯшокӣ ва полезӣ (40 дона қубури азбест), 5 км роҳҳои мошингарди байни деҳаҳо ва 2 км роҳи ноҳиявӣ зарар дидааст.

Гуфат мешавад, сел ҳамчунин ба 13 таҳхонаҳои манзили истиқоматии сокинони деҳаи Овичӣ ворид шуда, айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Деваштич дар ҷои ҳодиса фаъолият дорад ва бартарафсозии паёмадҳои сел идома дорад.

Ин ниҳод ҳамчунин аз хабар додааст, ки рӯзи гузашта тахминан соати 17:10 дақиқа бар асари борони пуршиддат дар километри 128 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳудуди ноҳияи Айнӣ сел омад, ки дар натиҷа роҳи ҳаракати нақлиёт дар мавзеи зикршуда муваққатан баста шуд ва бо гузашти чанд муддат бо ҷалби техникаҳои ширкати нигоҳбони роҳ ҳаракат дубора барқарор шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ