00:54 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
252003

Боздоштшуда, зани 45 - сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки қаблан низ барои хариду фурӯши одамон суд шуда буд

ДУШАНБЕ, 27 июл – Sputnik. Кормандони милитсия зани 45 - сола, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 130 иловаи-1 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, бо гумони хариду фурӯши одамон дастгир намуданд.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, номбурда моҳи марти соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд ҷавондухтари 25 - соларо ба доми фиреби худ андохтааст.

Ғуломӣ ба ҷои кор: боздошти зани 48 сола гумонбар дар хариду фурӯши духтарон дар Дубай

Ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо духтари 27 - солаи худ, ҷавонзани 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуровро барои ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб сафар намудан ва дар он ҷо ба фоҳишагӣ машғул шудан, ҷалб намудаанд.

"Сипас, аз ҳисоби худашон чиптаи ҳавопаймо ба хатсайри "Тошканд-Дубай" омода карда, тавассути фурудгоҳи шаҳри Тошканд ба шаҳри Дубай интиқол дода, дар он ҷо шиносномаи миллӣ ва хориҷии ҷабрдидаро гирифта, ӯро дар асорати қарзии 15 ҳазор доллари амрикоӣ гузоштаанд", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
Дубай, боздошт, хариду фурӯши одамон, зан, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ