12:02 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
13610

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки чӣ қадар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Сурия боқӣ мондаанду хостори бозгашт ба ватан ҳастанд

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Тақрибан 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар урдугоҳҳои қувваҳои мухолифи Ҳукумати Сурия қарор доранд, гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти матбуотияш дар Душанбе.

Сироҷиддин Муҳриддин илова намуд, ки Тоҷикистон бо Ҳукумати Сурия дар самти бозгардонии шаҳрвандонаш ҳамкории зич дорад.

"Сафири мо дар Қувайт инчунин сафир дар Сурия аст. Вазифаи ӯ ҳамеша бо ҳукумат ва нерӯҳои оппозисионии Сурия дар мавриди бозгашти шаҳрвандон гуфтушунид кардан аст" гуфт роҳбари вазорати корҳои хориҷии кишвар.

Тибқи иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, айни замон дар Сурия 286 зан ва кӯдакони тоҷик ҳастанд ва барои баргардонии онҳо тавофуқ ба даст омадаат.

Ба таъкиди вазир,  дар сурати ба эътидол омадани вазъи ҳамагирии COVID-19 ва барқарор шудани парвозҳои байналмилалӣ онҳо оварда хоҳанд шуд.

"Онҳо омодаи бозгашт ба ватан ҳастанд, аммо бар асари пандемия аз коронавирус, мо ҳоло наметавонем ягон амали мушаххасро барои бозгашти онҳо ба нақша гирем" гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Вай афзуд, ки Тоҷикистон дар ин самт бо созмонҳои байналмилалӣ, бахусус бо Салиби Сурх дар тамос аст.

Мавзӯъҳои асосӣ