Депорту ҷудоиву дидор: кӯдакони тоҷикро аз Самара ба назди модарашон оварданд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевДети гуляют в саду Ирам
Дети гуляют в саду Ирам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фарзандони як зани тоҷик, ки аз Русия депорт карда шуда буд, маҷбур буданд дар як давлати бегона танҳо монанд

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik.  Аз Русия ба Тоҷикистон фарзандони хурдсоли як зан баргардонида шуданд, хабар медиҳад, хадамоти матбуоти омбудсмен дар вилояти Самара.

Таджикские мигранты застрявшие на границе Казахстана и Узбекистана  - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон дар марзи Қазоқистону Ӯзбекистон, ба Ватан расиданд

Ин модари тоҷик замони кор дар вилояти Самара қавонини будубошро риоя накарда, бо қарори додгоҳ ихроҷ карда шуд. Фарзандонаш бошанд ба маркази барқарорсозии иҷтимоии "Ровесник" фиристода шуданд.

Шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади баргардонидани фарзандон, кӯшиш кард, ки хоҳари худро парастори кӯдакон гузаронад, аммо ӯ аз кӯмак ба ӯ худдорӣ мекунад. Баъд зан ба Омбудсмени Тоҷикистон барои баргардонидани кӯдаконаш муроҷиат кардааст.

Гуфта мешавад барои ҳалли масъала барои ҳалли мушкилӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода ба ҳамтояш аз вилояти Самара Олга Галцова муроҷиат кард. Ҳамзамон барои ҳалли масъала кормандони консулгарии Тоҷикистон дар Уфа низ ширкат кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, бар асоси ваколатномаи модар, намояндаи консулгарӣ ба Самара рафт ва пас аз гирифтани иҷозат, кӯдаконро ба Уфа бурд ва аз он ҷо бо ҳамроҳии намояндаи консулгарӣ ба Тоҷикистон фиристода шуда, ба модарашон супорида шуданд.

Лентаи хабарҳо
0