13:19 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
25602

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти се ҷавон хабар медиҳад, ки дар ғорату латтукӯби як зани солхӯрда муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳодисаи дуздӣ санаи 10 июли соли ҷорӣ дар пойтахт сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷавонон дар рӯй ниқоб ба манзили истиқоматии Дадабоева Роҳилаи 72 сола даромада, ӯро зери мушту лагат қарор дода маблағҳои ӯро рабудаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи чораҳои оперативӣ ҷустуҷӯйи бо гумони ғорат шаҳрвандон Холиқов Абдухолиқи 33 сола, ки қаблан се бор суд шудаааст, Исоев Фаромарзи 33 сола ва Лоиқов Муҳаммадшоҳи 24 сола ва Исоев Мирзоватани 33 сола боздошт гаштаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо худро устои бомпӯш муаррифӣ карда ба таври зӯрӣ вориди хонаи пиразан гашта ӯро пас аз латтукӯб бо рӯймол дасту пояшро бастаанд.

Гуфта мешавад ҳамзамон гумонбарон бо эллектрошокер кампирро беҳуш карда, аз хонааш 40 ҳазор сомониро рабудаанд.

ВУД мегӯяд, нисбати боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ