13:29 28 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
333301

Дар натиҷаи садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи байни пойтахт ва шимоли Тоҷикистон марди 40-сола ва тифли худсоли тақрибан 1-солааш ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш дод, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ як худрави ҳомили шаш нафар, ки ҳамагӣ узви як хонавода буданд, ба ҷарии ҳудудан 200-метра сарозер шуд.

Дар натиҷа ронандаи автомобил, падари хонавода ва тифли тақрибан яксолааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса субҳи 1 август дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, дар ҷамоати деҳоти Айнӣ рух додааст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Ашуров Абдуалим Рустамович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ,  аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии чуқуриаш 150-200 метр фаромада, чаппа шудааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дар натиҷа ронанда Ашуров А.Р ва фарзанди хурдсолаш, Ашурзода Иброҳим Абдуалим, соли таваллудаш 2019, аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд, афзудааст манбаъ.

Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Инчунин, дигар мусофиронаш ҳамсараш, Холматова Саида Шамсидиновна, соли таваллудаш 1985, фарзандони ноболиғаш; Ашуров Исохон Абдуалимович, соли таваллудаш 2005, Ашурова Сумая Абдуалимовна, соли таваллудаш 2007, ва Ашурова Ҳалима Абдуалимовна, соли таваллудаш 2011, истиқоматкунадагони ҳамон ҷо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ