15:11 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
274 0 0

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд омори қоидавайронкунии ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандаҳои маст ва шумори садамаҳои ҳалокатбор дар роҳ давоми шаш моҳи охирро шарҳ дод

ДУШАНЕБ, 23 авг – Sputnik. Бино ба оморе, ки дафтари матбуоти РВКД вилояти Суғд дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 300 ҳолати рондани воситани нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкор шудааст.

“Аз ҷониби масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ аз ҷумла идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ 301, идораи воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷатҳои ронандагӣ 227, идораи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳ бидуни иҷозат 182, идораи воситаи нақлиёт бо аломати қайди давлатии бегона 47 ҳолат ошкор карда шуда, дар умум ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 9 милиону 17 ҳазору 750 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд”, - омадааст дар иттилоияи РВКД.

Бино ба иттилоъи манбаъ, дар ин давра аз ҷониби масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ 183 ҳазору 833 ҳолати қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст.

Ин рақам ҳарчанд дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ ба андозаи 26, 3 ҳазор ё 12, 5 % кам аст, вале рухдоди садамаҳои ҳалокатовар ба 40 маврид ё 5, 3 % ва шумори шахсони ҳалокшуда ба 58 нафар расидааст, ки ин ба андозаи 20, 8 % зиёд шудааст.

Нимашаб маст аз тарабхона баромаданд: ҳабс ва ҷаримаи 4 духтар барои дашному занозанӣ

РВКД дар Суғд мегуяд, садамаҳои ҳалокатовар дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент, ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт ва Шаҳристон бештар қайд гирифта шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ