14:05 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
374 0 0

Сар аз 1 январи соли оянда, бо раводиди электронии кӯтоҳмуддат ба Русия ворид шудан мумкин аст, ки ин раванд на бештар аз чор рӯзро дар бар мегирад. Sputnik маълум кард, ки кӣ метавонад аз тартиби нав истифода барад

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik, Алексей Стефанов. Пас аз лоиҳаи озмоишӣ - додани раводидҳои электронӣ ба шаҳрвандони 53 давлат барои сафар ба Владивосток ва ноҳияи Федералии Шарқи Дур, вилояти Калининград, Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Русия имкони гирифтани раводиди кӯтоҳмуддати электрониро бо сафар ба тамоми минтақаҳои кишвар роҳандозӣ мекунанд.

Рӯзи ҷумъа президенти Русия Владимир Путин қонуни федералиро имзо кард, ки тибқи он раводиди ягонаи универсалии электронӣ барои сафари кӯтоҳмуддат ба Русия ба мӯҳлати то 60 рӯз ҷорӣ карда мешавад.

Ин раводид дар баробари раводиди дипломатӣ, хидматӣ, муқаррарӣ, транзитӣ ва муваққатии иқоматӣ категорияи алоҳида дорад.

Ҳамзамон, давомнокии худи сафар аз 16 рӯз зиёд буда наметавонад. Аммо, Анҷумани ширкатҳои сайёҳии Русия (ATOR) ба хабаргузории Sputnik тавзеҳ дод, ки тибқи омор, сафари шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия ба ҳисоби миёна ҳафтае сурат мегирад, аз ин рӯ ин рӯзҳо барои будубоши кӯтоҳмуддат дар кишвар кофӣ аст.

Шаҳрвандони 113 давлат: Русия воридшавиро ҳарчи бештар осон мекунад

Аз 1 январи соли 2021 раводиди нав ба шаҳрвандони хориҷӣ дода хоҳад шуд. Дар Вазорати корҳои хориҷии Русия ба он диққат медиҳад, ки дар доираи таҷриба бо раводиди электронӣ ба ноҳияи Федералии Шарқи Дур, вилояти Калининград, Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград сафаркунандагон ба мушкилот дучор шуданд - довталабон ҳангоми пур кардани ариза аксар вақт хато мекунанд, ки ин сабаби рад кардани раводид мегардад. Барои пешгирии ин ҳолат барои  раводиди нав, сайт такмил ва содда карда шуд.

Ҳанӯз дақиқ маълум нест, ки шаҳрвандони кадом кишварҳо аз ин навоварӣ истифода бурда метавонанд.

"Рӯйхати кишварҳои хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия алоҳида тасдиқ карда мешавад",-гуфт, Наталя Кувшинова, узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, сайёҳӣ ва кор бо ҷавонон, ба Sputnik.

"Ман боварӣ дорам, ки раводиди кӯтоҳмуддати электронӣ талабот хоҳад дошт. Ин навоварӣ ба рушди туризми дохилӣ дар Русия равона карда шудааст, зеро афзалиятҳои имрӯз сайёҳии дохилӣ мебошанд. Фикр мекунам, ки ин яке аз механизмҳое мебошад, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон фароҳам меорад миёни давлатҳои мариди назарашон Федератсияи Русияро интихоб кунанл ", - гуфт вакили Думаи давлатӣ.

Эҳтимол, ба рӯйхати кишварҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд раводидҳои электрониро гиранд, 53 давлате шомил карда мешаванд, ки лоиҳаи озмоиширо истифода мебаранд. Дар байни онҳо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Чин, Ҷопон, Туркия, Ҳиндустон ҳастанд.

 

Аммо ба ин рӯйхат шаҳрвандони ИМА, Канада ва Бритониё шомил нашудаанд. Ва, эҳтимол дорад, онҳо то ҳол наметавонанд раводиди кӯтоҳмуддати электрониро мисли пештара ба даст оранд.  Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, раводити электрони замони роҳандозии таҷрибавӣ дар минтақаҳои алоҳида бепул буд, аммо аз моҳи январи соли 202 пардохта мешавад. Хароҷот эҳтимол аз 50 доллар зиёд набошад.

"Соли оянда, хоҳем дид, ки раводиди нави электронӣ дар муқоиса бо раводидҳое, ки имрӯз амал мекунанд, чӣ қадар маъмул хоҳад буд" гуфт депутат вакили Думаи давлатӣ Наталя Кувшинова.

Ба ғайр аз 53 давлате, ки барои гирифтани раводиди электронӣ дар Федератсияи Русия ҳуқуқ доранд, шаҳрвандони 60 кишвари дигар имкони вуруд бидуни раводитро ба Русияро дар асоси муқаррароти шартномаҳои дуҷонибаи байналмилалӣ доранд.

Ҳамин тариқ, Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид кардааст, ки аз соли 2021 режими озодтари вуруд ба қаламрави Русия, ки раводиди коғазиро талаб намекунад, ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ки нисфи аҳолии ҷаҳон - тақрибан 4 миллиард нафарро ташкил медиҳанд, татбиқ хоҳад шуд.

Ҳаҷми сайёҳон на камтар аз 30% афзоиш меёбад

Ба таъкиди Майя Ломидзе, директори иҷроияи Ассотсиатсияи Туроператорҳои Россия ин содагардонии назаррас мебошад, сафаркунандагон солҳои зиёд орзу мекарданд.

Ба ақидаи ӯ, раводиди электронии кӯтоҳмуддат, ҳатто тибқи пешгӯиҳои хушбинона, ҷараёни сайёҳонро ҳадди аққал 30% афзоиш медиҳад. Аз ин рӯ, Ломидзе итминон дорад, ки навовариҳо танҳо фоида меоранд "ҳамзамон як камбудӣ метавонад мавҷуд бошад - агар соддагардонии эълоншуда дар асл чунин нашавад."

Александр Курносов, ноиби президенти ATOR бошад, мегӯяд, ки ин қарори ҳукумат метавонад ҷараёни сайёҳиро ҳатто 40 ё 50% "ё ҳатто аз ин ҳам зиёдтар кунад, зеро таҷрибаи дигар кишварҳо, ки раводидро бекор мекунанд ё соддагардонии назаррас натиҷаҳои аз ин баландтарро нишон медиҳад”.

"Хеле мусбат аст, ки чунин тасмим дар як лаҳзаи мушкил барои соҳаи сайёҳӣ гирифта шуд" гуфт ӯ.

Александр Курносов умедвор аст, ки минбаъд низ содагардонии низоми раводит идома меёбад -"тамдиди мӯҳлати раводид аз ду моҳи ҷорӣ то ҳадди аққал шаш моҳ ё сол ва эҳтимолан дароз кардани рӯзҳо аз 16 то 30".

Инчунин, ноиби президенти Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Русия умедвор аст, ки шумораи кишварҳоеро, ки ба гирифтани раводиди электронӣ дастрасӣ доранд, афзоиш афзоиш меёбад, "зеро дар ин рӯйхат давлатҳое шомил нашудаанд, ки шумораи зиёди сайёҳонро ба Русия фиристанд - ин масалан Иёлоти Муттаҳида ва Британияи Кабир аст."

"Ин мусбат хоҳад буд. Аммо возеҳ аст, ки дар ин масъала ҳама чиз ба ҳолати сиёсӣ баста шудааст" - хулоса кард Александр Курносов.

Барчаспҳо:
ширкатҳо, вазъи ширкатҳои сайёҳӣ, сафар, муҳлат, осон аст, Сайёҳ, раводид, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ