14:06 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
137002

Дар натиҷаи тирандозӣ дар сарҳади Қирғизистон ва Тоҷикистон як сокини маҳаллии Исфара кушта шуд ва як сарҳадбози қирғиз маҷрӯҳ шуд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тирандозӣ ба амал омад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.

Тибқи изҳороти неруҳои марзбонии кишвар, тахминан соати 04-и субҳи санаи 06-уми августи соли 2020 дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара лейтенанти калон Шер Кабиров, сардори дидбонгоҳи "Кӯктош"-и ҚС ҶҚ аз ҷониби шахси номаълум, ки аз силоҳи шикории тамғаи "ТОЗ-8" истифода намудааст, захм бардоштааст.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон дар ҳодисаи ҳамсон дуртар аз 1 км аз хати сарҳад шаҳрванди Тоҷикистон Ваҳҳобов Воҳид Абдулҳаевич, соли таваллудаш 1955, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷ/д Чоркӯҳ, боғбони бригадаи №4-уми ҳамин ҷамоат аз тарафи пояш аз ҷониби қирғизҳо захмӣ шуда, ҳалок гардидааст.

Гуфта мешавад, мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада корҳои тафтишотӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ бурда истодаанд.

 

 

 

 

Мавзӯъҳои асосӣ