15:19 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
11910

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон аз афзоиши сохтмони манзилҳои истиқоматӣ давоми нимсолаи ҷорӣ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, зиёдшавии сохтмон алахусус дар бахши хусусӣ, ки асосан хонаҳои истиқоматии 1 ва 2-ошёна сохта мешаванд, ба назар мерасад.

Тибқи иттилои Кумита, дар нимсолаи аввали соли равон бинои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 469 ҳазор метри мураббаъ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16% зиёд мебошад.

Манбаъ мегӯяд, биноҳои бисёрошёна, асосан дар шаҳрҳо ва марказҳои вилоятҳо сохта мешаванд, ки дар онҳо системаи канализатсия мавҷуд аст. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе дар ин давра 62,3 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст.

Ба гуфти  Кумитаи меъморӣ, набудани системаи канализатсия дар бисёр шаҳрҳо ва минтақаҳои Тоҷикистон сохтани бинои бисёрошёнаро душвор мегардонад.

Иттилоияи Кумитаи меъмории Тоҷикистон дар ҳолест, ки коршиносон аз коҳиши сохтмонҳо бинобар пандемияи коронавирус мегӯянд.

Бинои парлумон ва роҳ месозанд: Тоҷикистон интизори коргарони чинӣ аст

Ба таъкиди коршиносон, агар қаблан дар Тоҷикистон одамон малағро барои хариди хонаҳо ба биноҳи навсох медоданд, ҳоло вазъ дигар шудааст ва сокинон кӯшиш мекунанд, ки пасандозҳои худро сарф накунанд.

Гуфта мешавад, камшавии якбораи интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, асосан аз Русия, ба соҳаи сохтмон низ таъсир мерасонад.

Дар Тоҷикистон шумораи ширкатҳои сохтмонӣ 14% кам шудааст

Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмонсозии Тоҷикистон ахиран аввали солӣ ҷорӣ гуфта буд, ки таи 7 соли ахир дар ин кишвар наздик ба 8 миллион метри мураббаъ манозили маскунӣ ба баҳрабардорӣ расида.

 

Мавзӯъҳои асосӣ