13:05 28 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
676820

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар мошин ҳамроҳ бо овозхон Баҳром Ғафурӣ боз ду нафари дигар ҳузур доштанд, ки ҳоло дар бемористон бистарӣ гардидаанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон садамаи маргбор санаи 7-уми августи соли равон, тахминан соати 04:00 шаб рӯх додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Ланд-крузер-200”, рақами қайди давлатиаш 01-57JJ01, Анварзода Ислом Қурбон, соли таваллудаш 1991, муовини Прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи “Камаз” бархӯрдаааст”, - таъкид доштааст ВКД.

Ба иттилои мабаъ,  дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, сароянда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки худи ронанда Анварзода И.Қ. ва мусофири дигари автомашина Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқро идома доранд.

Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Баҳром Ғафурӣ яке аз сарояндагони шинохта дар давоми 20 соли охир дар саҳнаи эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар байни мухлисон бо суруди “Муҳоҷирбача” ва “Орзу” машҳур гардида буд.

Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш 10 албомро ба мухлисон эҳдо кардааст. Солҳои охир дар бандубаст ва офаридани филмҳои ҳунарӣ низ саҳм мегузошт. Яке аз қаҳрамонҳои марказии филми овозадори “Сукут” ба ҳисоб мерафт. Филми охироне, ки Баҳром дар он нақш офарида буд, филми “Риё” буд, ки соли 2019 рӯйи пардаи синамо баромад.

Чандин маротиба аз сӯи созмонҳои мусиқӣ унвонҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” – ро ба даст овардааст. Моҳи ноябри соли 2009 дар озмуни Big Apple music Awards “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуд.

Барчаспҳо:
бистарӣ, маргбор, садама, шарҳ, ВКД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ