Боздошти сокини Суғд барои фурӯши 12 тангаи тиллоии замони Русияи подшоҳӣ-видео

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкЗолотые монеты царской чеканки
Золотые монеты царской чеканки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон нисбат ба як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, ки барои ба муомилот баровардани тангаҳои таърихӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд, парвандаи ҷиноӣ нисбат ба сокини 45 солаи ин ноҳия Абдусалом Зикриллоев кушода шудааст.

Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳашт ҳазор доллар деҳ ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мекунам: боздошти устоди Донишгоҳи Хуҷанд

Ба иттилои манбаъ, Абдусалои Зикриллоев барои ба муомилот баровардани тангаҳои Русияи подшоҳӣ, ки аз тиллои холис омода шудааст, муттаҳам мешавад.

Манбаъ мегӯяд, сиккаҳои тиллоӣ 94,47 грамм вазн дошта, иёр ва ё пробаи он ба 900 баробар аст, ки ҳамчун метали қимматбаҳо додугирифти озодонаи он манъ карда шудааст.

Гуфта мешавад, тангаҳои мусодирашуда 2 адад панҷрубла ва 10 адад даҳрубла бо навиштаҷоти Николайи 11 аз метали холис сохта шуда, ба салтанати Русияи подшоҳӣ мансубият доранд, ки муомилоти он ба асри 19 рост меояд.

Дар навори видеоӣ Абдусалом Зикриллоев мегӯяд аз мамнуъияти муомилоти тангаҳо огоҳӣ надошт.

Номбурда тасмим доштааст, тангаҳоро бар ивази 6 ҳазору 600 доллар ба муомилот баровара, ки замони фурӯхтан аз сӯи маъмурини пули боздошт шудааст.

Соли барориши тангаҳо аз 1894 то 1904-ро ташкил медиҳад, афзудааст манбаъ.

ВУД мегӯяд нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0