12:59 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
229502

Эшонқул Зоиров,  аз ҳисоби маблағҳои шарики чинияш барои худ шаш мошини хориҷӣ бо арзиши 190 ҳазор доллар, чорвои хурд, 15 ҳазор доллар аспи бузӣ, 25 ҳазор доллар мебел, ва беш аз ним миллион доллари дигарашро дар Душанбею Варзобу Данғара манзилу бӯстонсаро харидааст.

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik.  Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Эшонқул Зоиров, мулаққаб ба Эшон сокини Данғара хабар медиҳад, ки барои қаллобӣ ба маблағи наздики 2 миллион доллар муттаҳам мешавад.

Тибқи гузориши телевизионии ВКД Эшонқул Зоиров соли 2017 бо шаҳрванди Чин Ли Хо Фу шинос шуда, якҷоя ҷамъияти масъулияташ маҳдуд (ҶММ)-и истихроҷи маъданҳои кӯҳии Тоҷикистону Хитойро таъсис дода, худашро раҳбару шарикашро муовин таъйин намудааст.

Ба иттилои манбаъ, Зоиров бо роҳи фиреб ба боварии Ли Хо Фу даромада, ба ӯ ваъда медиҳад, ки иҷозатномаи истихроҷи тилло ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои заруриро аз ҳукумати Тоҷикистон мегирад.

Ӯ тайи солҳо 2017 то моҳи майи 2020 аз шаҳрванди Чин 1 миллиону 602 ҳазору 927 доллар гирифта, ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф кардааст.

Дар гузориши видеоӣ худи ҷабрдида Ли Хо Фу низ изҳор дошт, ки сар аз соли 2017 Эшон бо баҳонаи гирифтани иҷозатномаи барои коркарди кони тилло аз ӯ беш аз 1 миллиону 600 ҳазор доллар гирифт, аммо то ҳануз онро нагирифтаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда аз ҳисоби маблағҳои шарики чинияш барои худ шаш мошини хориҷии гаронбаҳо бо арзиши беш аз 190 ҳазор доллар,  8,5 ҳазо доллар чорвои хурд, 15 ҳазор доллар аспи бузӣ, 25 ҳазор доллар мебел, ва беш аз ним миллион доллари дигарашро дар Душанбею Варзобу Данғара манзилу бӯстонсаро харидааст.

Зоиров Эшонқул баъди оне аз сӯи кормандони пулиси ноҳияи Лахш боздошт мешавад, бо мақсади тарсондани шаҳрвандони Хитой ва барнагардондани маблағҳои гирифтааш санаи 8 майи соли 2020 ҳангоми дар деҳаи Қандоби ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш қарор доштанаш аз рӯи ҳиссиёти авбошӣ ба тарафи Ву Ли Гуа ва шаҳрванди Қирғизистон Баги Эдир аз милтиқи шикории ду маротиба тир холӣ кардааст, ки дар натиҷа Ву Ли Гуа зарари ҷисмонӣ бардоштааст, афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, замони баррасии парвандаи ӯ маъмурини пулис панҷ ҳолати дигари фиребкориҳояшро ошкор кардаанд.

ВУД мегӯяд, Зоиров Эшонқул бо баҳонаи тиҷорати муштарак аз Тоҷиддинов Амонхӯҷа, сокини Исфара 10 ҳазор доллар, аз Ибрагимов Илҳомҷон сокини Хуҷанд барои ҳуҷҷатгузории замини мағоза 12 ҳазор доллар гирифта, ҷои замини мағоза аз Қирғизистон як сар аспи бузкашӣ барои худ харидааст.

Боздоштшуда ҳамчунин аз Мирзоҳотам Абдуҳакимович, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ тунука гирифта, моҳи июни соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии сокини Душанбе Давлатов Фахриддин даромада, ба маблағи 213 ҳазор сомонӣ ва 41 ҳазор доллар ва аз сокини Ёвон Кенҷаев Қурбон 86 ҳазор доллар пули ангишт гирифта ба фоидаи худаш сарф кардааст.

Вазорат мегӯяд Зоиров дар умум беш аз  1,6 миллион доллар ба шаҳрвандони чинӣ ва 180 ҳазор доллар шаҳрвандони Тоҷикистон зарари молӣ расондааст.

Худро корманди Кумитаи замин мегуфт: боздошти 2 нафар ба иттиҳоми қаллобӣ

Эшонқул Зоиров сар аз соли 2014 то моҳи майи соли ҷорӣ  ба ғайр аз ҳамсари қонунияш 4 занро тариқи мусалмонӣ ба никоҳи худ даровардааст, ки дутои он шаҳрвандони Қирғизистону Чин ва дигарон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, аз онҳо соҳиби 10 фарзанд мебошад, афзудааст манбаъ.

Ин ниҳод мегӯяд алайҳи Зоиров Эшонқул бо ду моддаи 237 (авбошӣ) ва 247 (қаллобӣ) парванда оғоз шуда, номбурда ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ