09:37 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
659201

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як гузориш аз қатли ҳамсар аз ҷониби шавҳар дар Душанбе хабар дод. Инчунин гузориш дод, ки чӣ гуна як сокини Данғара миллионҳо доллари атбои тоҷику чиниро гирифта, соҳиби хонаю мошинҳои зиёд ва занҳои ҷавон шудааст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, муайян шудааст, ки Саъдӣ Шарипови 42-сола пайваста нисбати  занаш рашк мекардааст ва шаби 23 июл дар пайи чунин як муноқиша ӯро буғӣ карда, куштааст.

Манбаъ афзуд, Шарипов барои пинҳон кардани ҷиноят, ҷасади модари 4 фарзандашро дар яхдон ҷой кардааст. Феълан муттаҳам дар боздоштгоҳ буда, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад. Назари худи боздоштшуда дар бораи ин қазия феълан маълум нест.

Боздошти Зоҳиров: аз тоҷири чинӣ 1,6 млн доллар гирифту кони тилло ваъда дод

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар идомаи гузориши телевизионии худ аз боздошти Зоҳиров Эшонқул, сокини 39-солаи деҳаи Гулбулоқи ноҳияи Данғара хабар дод, ки аз соҳибкори чинӣ 1,6 миллион доллар гирифта, ваъда додаст, ки аз Ҳукумат иҷозатномаи коркарди кони тиллоро мегирад.

Тибқи гузориши ВУД, Зоҳиров соли 2010 бо шаҳрванди Чин, Ли Хо Фу, ҷамъияти“Истихроҷи маъданҳои куҳии Тоҷикистону Хитой”- ро таъсис дода, худаш директору Ли Хо Фу муовин шудааст. Манбаъ афзуд, ки Зоҳиров аз Ли Хо Фу 1,6 миллион доллар гирифта, ваъда додааст, ки ба иваз аз Ҳукумат иҷозатномаи коркарди кони тиллоро мегирад, аммо иҷро накардааст.

ВУД таъкид намуд, ки Зоҳиров инчунин аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо ваъдаҳои гуногун беш аз 100 ҳазор доллар гирифта, барнагардондааст.

Намоиши хонаҳою мошинҳои гаронарзиш ва занҳои ҷавони Зоҳиров-видео

Мақомоти умури дохилӣ инчунин хонаю бӯстонсароҳо, занҳои то 20-cола ва мошинҳои гаронарзиши Зоҳировро намоиш доданд.

Дар гузориш таъкид шуд, қазияҳои қаллобии Зоҳиров баъди он ошкор шуд, ки ӯ моҳи майи соли равон бо мақсади тарсондани шаҳрвандони хориҷӣ дар ноҳияи Лахш сӯи шаҳрванди Чин, Ву Лиго ва шаҳрванди Қирғизистон Багӣ Эдир ду маротиба аз силоҳи шикорияш тир холӣ кардааст.

ВУД илова намуд, ки дар натиҷа ҳолатҳои қаллобии Зоҳиров ошкор гардида, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид. Манбаъ таъкид кардааст, ки боздоштшуда инчунин аз 2014 то 2020 чор занро ба тариқи мусалмонӣ ба никоҳи худ дароварда, аз зиндагии якҷояшон 10 фарзанд дорад.

Феълан назари худи Зоҳиров дар бораи иттиҳоми эълоншуда алайҳи ӯ ва гузориши нашркардаи мақомот маълум нест.

Барчаспҳо:
ҷазо, боздошт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ