02:43 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
255 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар ду рӯзи гузашта зимни садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар чаҳор шаҳрванди хурдсолу калонсол ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, нахустин садамаи маргбор рӯзи 13-уми августи соли равон, дар шаҳри Бохтар сурат гирифтааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Азимов Муҳсинҷон ронандаи автомашинаи “Хундай-Либеро”, ки соли таваллудаш 1992 аст ва сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар мебошад, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази шаҳри Бохтар ба самти терминали мусофиркашонии “Сафар-К”, дар кӯчаи Курғон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон, Зубайдов Хуршед Нуралиевич, соли таваллудаш 1970, сокини ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кушониёнро пахш намудааст.

Дар натиҷа, охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Инчунин ВКД иттилоъ додааст, ки санаи 13-уми август, ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Сафаров Аҳлиддин, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Восеъ-Кӯлоб”, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбук аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Шоҳрамаҷони Султон, соли таваллудаш 2006, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадониро пахш намудааст.

Гуфта шудааст, ки мутаассифона, ноболиғи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳамин ҳол, санаи ду садамаи маргбори дигар низ ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои ВКД Тоҷикистон санаи 14-уми августи соли равон, ронандаи автомашинаи “Шагман”, Каримов Сунатулло Восеъевич, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Абай, дар рӯ ба рӯи тарабхонаи “Ҷавонбахт” пиёдагарди шахсияташ номаълум, марди тахминан 40-45 соларо пахш намудааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар натиҷа шахсияташ номаълум ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин ҳодисаи нохуш санаи 14-уми августи соли равон ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта шудааст, ки ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Шарифов Идибег Сайдалиевич, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Ваҳдат-Рашт-Лахш”, дар ҳудуди деҳаи Саройи ноҳияи Файзобод бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба дучархаи тамғаи “Скутер”, таҳти идораи ронанда, Султонов Таобшоҳ, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи мазкур бархӯрдааст.

Дар натиҷа, Султонов Таобшоҳ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаҳои мазкур таҳқиқотро идома дорад.

Барчаспҳо:
роҳҳо, Вазорати умури дохилӣ, хурдсол, маргбор, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ