23:50 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2848 0 0

Ҷамшед Исмоилов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва санъаткори шинохтаи кишвар субҳи имрӯз даргузаштааст

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар ин бораи Комилҷон Холов дар сафҳаи фейсбукаияш хабар додааст.

Дар бораи аз чӣ беморӣ даргузаштани ҳунарманд ҳоло иттилое нест.

Ҳунарманди шинохта дар синни 64 солагӣ ин дунёро тарк кард.

Марҳум 30 августи соли 1956 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.

Ҷамшед Исмоилов ҳамчунин маълумоти олии дуввумро аз рӯи ихтисоси филолог дар  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гирифтааст. Ӯ пас аз хатми  хатми мактаби миёна дар ҳизб дар Кӯлоб кор кардааст. Ва дар оғози солҳои истиқлоли Тоҷикистон дар вазифаи муовини вазири фарҳанг ва иттилоот низ фаъолият кардааст.

Аввалин суруди машҳури ӯ "Аз зери чодарак" мебошад, маъруф гашта ҳамзамон таронаи "Э модари ман" аз маҳбубтарин эҷодкардаҳои ҳунарманд аст.

Ӯ ҳамзамон роҳдаби генералии "Иттиҳодияҳои давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ"-и назди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буд, ки ба он ансамбли давлатии “Гулшан”, ансамбли давлатии рақсии “Зебо”, ансамбли “Ҷахоноро” шомиланд.

Ӯ ҳамзамон профессори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон буда, ахиран роҳбарии Иттифоқи арбобони санъати Тоҷикистонро ба зима дошт. 

Мавзӯъҳои асосӣ