Миронов даъват кард, ки дастгирии Русия барои таҳсил дар Тоҷикистон ва ИДМ бештар шавад

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкРуководитель фракции политической партии "Справедливая Россия" Сергей Миронов
Руководитель фракции политической партии Справедливая Россия Сергей Миронов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ҳизби "Русияи боадолат" ("Справедливая Россия")  Сергей Миронов аз зарурати дастгирии таҳсилот бо забони русӣ дар кишварҳои ИДМ ва густариши барномаҳои донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои Русия гуфт

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Рақобати муваффақонаи сиёсии байни давлатҳо аз дараҷаи таъсири фарҳангӣ ва забонии онҳо ба кишварҳои дигар муайян карда мешавад, қайд кард раиси ҳизби "Русияи боадолат" ("Справедливая Россия") дар изҳороти худ.

Имомзода Мухаммадюсуф Сайдали - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тоҷик: дар ИДМ бештар аз ҳама дар Тоҷикистон забони русӣ эҳтиром мешавад

Вакили Русия қайд кард, ки дастгирии соҳаи маориф дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мисоли стратегияи сиёсати босалоҳияти хориҷӣ мебошад.

Миронов илова намуд, ки омӯзиши забони русӣ ва ошноӣ бо арзишҳои фарҳангӣ барои ҳамкориҳои муассир ва мутақобилан судманди кишварҳоро тавсеа медиҳад.

"Таъсири фарҳангии Русия ба ҷавонони давлатҳои Иттифоқ дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Вазъият бояд ба таври куллӣ тағир дода шавад."

Таҷлил аз Рӯзи байналмилалии забони русӣ ва мавлуди Пушкин дар Душанбе - акс

Миронов илова намуд, ки агар мо ба ин ҷанба эътибор надиҳем, дар оянда Русия метавонад бо мавҷи руссофобия дар байни ҷавонони хориҷӣ дучор ояд.

Лентаи хабарҳо
0