11:16 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
222 0 0

Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон ва доктор Муҳаммадҷаъфар Ёҳақӣ,  мудири муассисаи Хирадсаройи Фирдавсӣ зимни паёмҳои ҷудогона даргузашти шоири номдори тоҷик ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистонро тасаллият гуфтаанд

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Бино ба гузориши хабаргузории “Форс”дар  паёми  раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон омадааст: “бо ниҳояти таасуф ва андӯҳ даргузашти ҷаноби  Гулназар Келдӣ шоири халқии ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарояндиа Суруд милли он кишварро хидмат шумо, аъзои мӯҳтарами Иттифоқи нависандагон ва хонадони он марҳум ва зиёиёону аҳли фарҳангу адаб ва мардуми шарифи Тоҷикистон тасаллият гуфта, барои ҳамагӣ азизон оризуи сабр ва таҳаммули ин мусибатро менамояд.

Доктор Муҳаммадҷаъфар Ёҳақӣ,  мудири муассисаи Хирадсаройи Фирдавсӣ зимни паёми худ ба ин муносибат навиштааст: Гулназар Келдӣ, шоири мардумии Тоҷикистон ҳам дар тороҷи беамони круно аз миёни мо рафт. Гулназар шоири тавоно ва дӯстдори мардум ва алоқаманд ба фарҳанги муштараки ниёгон буд.

“Муассисаи хирадсройи Фирдавсӣ даргузашти ин шоири хушандеш ва ҳунаруро ба хонаводаи адиб ва миллати сарфарозу дӯстдори адаб ва фарҳанги Тоҷикистон сӯгбод мегӯяд” ,-омадааст дар матни ҳамдардии Ёҳақӣ.

Ёдовар мешавем, санаи 11 август Гулназар Келдӣ бо нишони маризии коронавирус бистарии беморхона гардида шуд ва ахиран рӯзи 13 - уми август ҷон ба Ҷонофарин супорид.

Гулназар Келдӣ, шоири мардумии Тоҷикистон дар сентябри 1945 дар минтақаи Айнии вилояти Суғд ба дунё омад ва 24 сол дошт, ки нахустин маҷмӯаи ашъораш бо нома «Расми сарбозӣ» интишор ёфт ва мавриди истиқболи шоирони замон воқеъ шуд.

Гулчине аз ҳаёту эҷодиёти устод Гулназар Келдӣ-тасвирбаён

Дастархон, Нардабон, Ағба, Паҳно, Лангар, Пайи дарё ва Ҷашми нигин аз ҷумла маҷмӯаи шеърҳои мунташиршудаи Гулназар Келдӣ ҳастанд.

Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи саршиностарин шоирони Тоҷикистон буд, ки ашъораш ба хатти форсӣ дар Эрон ва Афғонистон ба чоп расид ва шеърҳои чандин шоири машҳури русро низ ба форсии тоҷикӣ тарҷума кард.

Таслияти сафири Эрон дар Тоҷикистон аз даргузашти Гулназар Келдӣ

Гулчине аз ашъори устод Гулназар Келдӣ бо номи «Забони ошиқӣ» ба кӯшиши марҳум Қайсари Аминпур, шоири барҷастаи муосири эронӣ, дар интишороти Сурӯши Эрон ба чоп расидааст.

Барчаспҳо:
Гулназар Келдӣ, ҳамдардӣ, фарҳангиён, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ