17:05 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
414720

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон як полковники Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Полковник Ҷонибек Маҳмадзода, мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суи кормандони КДАМ боздошт шудааст,  хабар медиҳад "Ховар"

Ба иттилои манбаъ, Ҷонибек Маҳмадзода ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шудааст. 

Бино ба иттилои манбаъ, "17-уми августи соли 2020, аз тарафи кормандони КДАМ ҶТ ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон, мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Маҳмадзода Ҷонибек, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд".

Боздошти командир барои пора ва водор кардани хоҳари сарбоз ба амали шаҳвонӣ

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Маҳмадзода Ҷ.Б. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ