03:46 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
700 0 0

Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъкид карданд, ки зани 27-солаи боздоштшуда, аз ҷайби марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти И.Сомонии ноҳияи Деваштич 3 ҳазору 600-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран аз ҷониби кормандони милитсияи кишвар зани 27-солаи сокини шаҳри Бӯстон, ки пеш бо моддаи 125 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, номбурда, санаи 14-уми августи соли 2020, бо ҳамроҳии марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти И.Сомонии ноҳияи Деваштич, дар хонаи истиқоматии зани 55-солаи сокини шаҳри мазкур, дар ҳолати мастӣ қарор доштанашон, марди 46-соларо ғорат кардааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки зани 27-сол дар ҳолати мастӣ қарор доштани марди 46 бо роҳи ошкоро аз ҷайби ӯ 3 ҳазору 600-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар ҳоли ҳозир ба иттилои ВУД Тоҷикистон, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
Деваштич, тасарруф, ғоратгарӣ, боздошт, зан, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ