07:41 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1104 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавоне, ки дар марги як сокини 24-солаи пойтахти кишвар гумонбар дониста мешаванд, хабар дод

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия зимни як амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду ҷавон якеш 19- сола дигаре 20-солаи сокинони шаҳри Душанбе, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд.

Тавре ВУД хабар додааст ин ду ҷавон дар вақти дар кӯчаи Р.Ҷалил қарор доштанашон бо ҷавони 24-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб карданд.

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, - таъкид доштааст ВУД.

Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки зимни як амалиёти дигар, аз ҷониби кормандони милитсия марди 57-солаи сокини ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Гуфта шудааст, ки номбурда, санаи 17-уми августи соли равон, дар назди заминҳои хоҷагии деҳқонии назди деҳаашон ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи мазкурро бо мушт 1-маротиба ба сараш задаст.

ВУД қайд кардааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, аз ҷониби кормандони милитсияи Тоҷикистон тафтишоти ин ҳодисаҳо идома дорад.

Барчаспҳо:
Душанбе, ҳалокат, латукӯб, ҷавон, боздошт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ