04:08 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
270 0 0

Баъд аз ду рӯзи ҷустуҷӯву такопӯҳои зиёд, бегоҳии дирӯз 19 - уми август мошини "Мерседес Бенс", ки бо ронанда ва як мусофир ба дарёи Варзоб сарозер шуд ёфт шуда, аммо ҷасади ронандаи он ҳанӯз пайдо нашудааст

ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Бино ба иттилоъи котиби матбуоти КҲФ мошини тамғаи "Мерседес Бенс",  ки рӯзи 18-уми август ба дарёи Варзоб сарозер шуда буд, баъди ҷустуҷӯҳои зиёд, соати 19:10 дақиқаи дирӯз ёфт шудааст.

Ғаввосони КҲФ "Мерседес Бенс" - ро дар умқи дарё пайдо карда ва бо василаи техникаи махсус аз об берун оварданд.

Котиби матбуоти ин ниҳод дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки бар асари сарозер шудани "Мерседес Бенс" дар рӯзи 18 - уми август ба ҳисоби Ҳасанов Авайдулло Нураллиевич, соли таваллудаш 1963, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ронандаи мошин ва Ҳамдамов Файзалӣ, соли таваллудаш 1996, истикоматкунандаи вилояти Суғд ноҳияи Айнӣ деҳаи Курут ба ҳалокат расидаанд.

"Дар баробари ёфт шудани мошин, ҷасади Ҳамдамов ёфт шуд, дирӯз ба хешовандонаш супорида шудааст. Аммо ҷасади ронандаи 56 - сола то ҳол ёфт нашуда ва корҳои ҷустуҷӯи аз тарафи ғаввосон идома дорад",- изҳор дошт манбаъ.

Ҳодисаи ба дарё фурӯ рафтани мошини Мерседес Бенс, рӯзи 18 август дар 55 километрӣ аз шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд рух додааст. Ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Душанбе, ин мошини таҳти идораи Ҳасанов Авайдулло ногаҳон аз масири аслии ҳаракат хориҷ шуда ба дарёи Варзоб чаппа шудааст.

Барчаспҳо:
ғарқ, мошин, Варзоб, дарё

Мавзӯъҳои асосӣ