17:46 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
499 0 0

Исломҷон Раҳимбердиев дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Ҳамробоеви шаҳри Конибодом аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба фалокат дучор шудааст

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷокистон аз садамаи фоҷиабор дар шоҳроҳи Исфара-Конибодом хабар медиҳад, ки дар натиҷа ронандаи худрав ба ҳалокат расидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса шоми 20 август рух додааст.

"Тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Раҳимбердиев Исломҷон Урунбоевич, соли таваллудаш 1979, сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Исфара-Конибодом", воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви шаҳри Конибодом аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба бинои чойхонаи "Баҳодур" бархӯрдааст", - тавзеҳ медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Дар натиҷа, худи ронанда Раҳимбердиев И.У. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Мавзӯъҳои асосӣ