09:46 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
366 0 0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нисбат ба ронандаи “ЗИЛ-ММЗ-554” Асҳобиддин Раҷабзода, сокини ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Асҳобиддин Раҷабзода, ҳангоми бозгашт аз як ҷаноза нақлиёти боркашро ба чуқурии 16 метра чаппа мекунад, ки ба асари он 4 нафар ҳалок  шудаанд.

Тибқи иттилои як манбаи Sputnik Тоҷикистон аз  Раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон, нисбат ба Асҳобиддин Раҷабзода,  бо моддаи 212, қисми 3 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Ин манбаъ гуфт, ҳамзамон дар ин садама 8 тани дигар захмҳои гуногун бардоштаанд, ки ҳоло дар беморхона табобат мегиранд.

Ёдовра мешавем, ҳодисаи нохуш рӯзи 17 - уми август, тахминан соати 09:00 дақиқа рух додааст.

Тибқи иттилои ВУД, ронандаи автомашинаи тамғаи "ЗИЛ-ММЗ-554", Раҷабзода Асҳобиддини 24 - сола, аснои баргаштан аз оромгоҳи деҳаи Бӯстон ба самти деҳаи Навдӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада худравашро ба чуқурии 16 - метрӣ чаппа кард чаппа намудааст.

Дар натиҷа мусофирони дохили бордони автомашина, ноболиғ Ёқубзода Шамсиддини 17 - сола, Абдуалимов Шамсиддини 19 - сола, Нуриддинов Расулҷони 37 - сола ва Каримов Содиқи 47 - сола, сокинони ҷамоати деҳоти К.Ғиёсови ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Барчаспҳо:
Абдураҳмони Ҷомӣ, ронанда, парвандаи ҷиноӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ