02:43 22 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
270201

Бар асари бархӯрди ду худрав дар роҳи мошингарди Кӯлоб - Душанбе се нафар аз мусофирон ҷон бохтанд, ки дуи онҳо кӯдакони 4 ва 1 сола буданд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар роҳи мошингарди Кӯлоб - Душанбе садамаи маргбори нақлиётӣ рух додааст, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 21-уми август, тахминан соати 12 ба 13:00, дар шоҳроҳи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ сар задаст.

Манбаъ меафзояд, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс-200" Раҷабов Ҷомии 28 - сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи ронанда, Каримов Суҳроби 36 - сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ки аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард, бархӯрдааст. 

Ҳалокати фоҷиабори ронанда дар шоҳроҳи Исфара-Конибодом

Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Исмоилова Иродаи 37 - сола, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, хурдсолон, Исматов Абубакри 4 - сола, сокини ҳамон ҷо ва Ашурзода Нусхамои 1 - сола, сокини ҷамоати шаҳраки Ҳулбук ва ронандагони ҳар ду худрав ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидаанд.

Зимнан, мусофирон Исмоилова  ва хурдсолони 4 ва 1 сола дар беморхонаи ноҳия ба ҳалокат расидаанд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
Душанбе, Кӯлоб, роҳ, садама

Мавзӯъҳои асосӣ