15:31 26 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
378 0 0

Як мансабдори воломақоми вилояти Бухорои Ӯзбекистон, ки гирифтори коронавирус гаштаву табобат мегирифт вафот кардааст

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik.  Арбоби давлатӣ ва ҷамъиятии Ӯзбекистон Карим Ҷамалович Камолов вафот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ин кишвар.

Ба иттилои манбаъ, ташхиси коронавирус дар Карим Камаловро рӯзи 25 июл мусбат нишон дода, ӯ дар беморхона табобат мегирифт.

Гуфта мешавад, мансабдор бо ордени “Дӯстлик” ва “Меҳнат Шухратӣ” сарфароз гардидааст.

Карим Камалов солҳои 1997-2011 ҳамчун ҳокими Бухоро хидмат кардааст. Моҳи феврали соли 2020 вай дубора иҷрокунандаи вазифаи ҳукумати вилояти Бухоро таъйин карда шуд.

54 – сола: даргузашти Хайриддин Тӯраев, собиқ сардори Хадамоти амнияти фурудгоҳ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон Уктам Барноев, ки ҳокими вилояти Бухоро буд, низ аз коронавирус табобат мегирад.

Худкушӣ ё маризи COVID - 19 буд: даргузашти собиқ раиси филиали "Агроинвестбонк"

Ёдовар мешавем қаблан, 28 июл муовини вазири молияи Ӯзбекистон Ёркин Турсунов низ аз коронавирус даргузашт.

Мавзӯъҳои асосӣ