11:02 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
16701

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз дарёфти ҷасади писари 12 сола дар яке аз обанборҳои пойтахт хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод хабари ғарқшавии писар дар дарёи “Душанбинка” ба ин ниҳод санаи 22 август расида буд.

Ба иттилои манбаъ, писар ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст.

Манбаъ мегӯяд, баъди ҷустуҷӯйҳо пас аз як рӯзи нопадидшавӣ ҷасади кӯдак пайдо шуд. “Наҷотдиҳандагон фавтидаро дар қаламрави "Канали калони Ҳисор" пайдо карданд”, -афзудааст, манбаъ.

Тибқи фарзияи пешакӣ сабаби фоҷиа дар ҷои беиҷозат шино оббозӣ кардан, гуфта мешавад.

Кумита мегӯяд ҷасади писарбачча ба хонадонаш супорида шуд.

Ҷавони 26 - сола, ки гирифтори бемории рӯҳӣ буд, дар канали Чузӣ ғарқ шуд

Ин ниҳод бори дигар таъкид менамояд, ки ҳангоми оббозӣ аз эҳтиёт кор гирифта шавад ва аз волидон даъват мекунад, ки фарзандонро беназорат нагузоранд.

Сокини 10 - солаи Кушониён дар заҳбур ғарқ шуд

Дар ҳамин ҳол, КҲФ сар аз авоили сол то 19 - уми июн теъдоди ғарқшудаҳо дар кӯлу дарёҳоро 28 нафар арзёбӣ намуд.

Аз миёни 28 нафари ғарқшуда, 9 нафарашон аз 16 - сола поён мебошанд.

 

Мавзӯъҳои асосӣ