07:54 28 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
347 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон раҳбари як ҷамоатро дар ҷануби кишвар бо иттиҳоми заминфурӯшӣ боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод боздоштшуда марди 50-солаи сокини ҷамоати деҳоти Яккадини ноҳияи Ҷайҳун дар вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Яккадини ҳамин ноҳия фаъолият намудан даст ба чунин ҷурм задааст.

Ба иттилои манбаъ, зимни фаъолияташ соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо ваъдаи ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 500 доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати худаш сарф намудааст.

“Ғайр аз ин номбурда соли 2015 дар вазифаи муҳандис-заминсози ҷамоати деҳоти Яккадини ноҳияи мазкур кор карда, зимни фаъолияти кориаш моҳи феврали соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо ваъдаи ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, аз номбурда 300 ҳазор рубли русиро гирифтааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин худи ӯ зимни фаъолияташ моҳи октябри соли 2017, бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, бо ваъдаи ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 2 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Раҳмон гуфт, раисони шаҳру навоҳӣ чи қадар қарори ғайриқонунии тақсими замин баровардаанд

ВУД мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда бо моддаҳои 247 қисми 3 банди “а” ва 338 иловаи-1, қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ