11:58 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1458 0 0

Раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода чаҳорумин номзад ба курсии президентӣ пешбарӣ шуд

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Роҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода номзадии худро ба мансаби президенти Тоҷикистон пешбарӣ кард.

Ӯ чаҳорумин довталаби расмии президентӣ дар интихоботи рӯзи 11 октябр таъиншуда гардид.

Маълум аст, ки Раҳматзода 1 марти соли 2020 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон интихоб шуда, узви Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ мебошад.

Рустам Раҳматзода (Қудратов) 24 сентябри соли 1960 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, оиладор, чор фарзанд аст.

Номбурда  доктори илмҳои иқтисод, профессор буда, донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад.

Соли 1984 Раҳматзода Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси “иқтисодчӣ ва ташкилкунандаи истеҳсолоти кишоварзӣ” хатм кардааст. Ғайр аз ин, ӯ узви ҳайати омӯзгорони ин донишгоҳ мебошад.

Нахустин даъвогар ба курсии президент дар Тоҷикистон кист?

Аз соли 1994 то 2002 номзад ба президентӣ декани факултети хоҷагии деҳқонии ДАТ буд ва аз соли 2002 то 2007 директори Маркази миллии таълими кишоварзӣ оид ба дастгирии хусусигардонии Тоҷикистон буд.

Соли 2005 рисолаи докторӣ дар Академияи кишоварзии Тимирязеви Маскав дифоъ кардааст.

Солҳои 2007-2015 Раҳматзода Маркази рушди кадрҳои Вазорати кишоварзии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард.

Метро ва даромади пулакӣ ба Душанбе: ваъдаҳои Ғаффорзода дар сурати пирӯзӣ дар интихобот

Фаъолияти илмии Раҳматзода ба таҳқиқот дар соҳаи амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон марбут буда, муаллифи беш аз 120 мақолаи илмӣ ва панҷ монография мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ