21:13 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
224 0 0

Воридоти мошинҳо ба Тоҷикистон дар ҳафт моҳ 34,1% ё худ 63,9 миллион доллар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон воридот ва содироти мошинҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, воридоти воситаҳои нақлиёт ба ҷумҳурӣ дар ҳафт моҳ 34,1% ё худ 63,9 миллион доллар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 коҳиш ёфтааст.

"Ҳаҷми умумии воридоти воситаҳои нақлиёт барои моҳҳои январ-июли соли 2020 беш аз 123,6 миллион доллар аст", - омадааст дар иттилоия Хадамот.

Манбаъ мегӯяд, дар ҳамин давраи соли 2019, воситаҳои нақлиёт ба маблағи беш аз 187,5 миллион доллар ворид карда шуда буд.

Мавриди зикр аст, ки қисми асосии воридоти мошинҳо ба Тоҷикистон бо назардошти қобилияти харидории аҳолӣ мошинҳои нисбатан арзон истифода мешаванд.

Нақлиёти автомобилӣ, асосан мошинҳои мусофирбар аз кишварҳои назди Балтика, Аврупо ва Осиё ворид карда мешаванд. Тамғаҳои маъмултарини мошинҳои мусофирбарӣ "Опел", "Мерседес", "Тойота" ва "Хёндай" мебошад.

Дар бозори мошинҳои вазнин истеҳсолкунандагони Чин мавқеи пешбарро ишғол мекунанд. Ба гуфтаи дилерҳо, воридоти мошинҳои боркаш аз Хитой дар ҳоли афзоиш аст.

Тибқи омор, аз аввали соли ҷорӣ, мошинҳои боркаш ва мошинҳо сабукрав дар бозори дохилӣ ба 338,4 миллион сомонӣ (32,8 миллион доллар) фурӯхта шудаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ