09:36 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ - 2020 (28)
177 0 0

Тақрибан дар 30 кишвари ҷаҳон, дар сафоратҳо, намояндагиҳо ва консулгарӣ 39 ҳавзаҳои интихоботӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон таъсис дода мешаванд

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Бо қарори Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон, участкаҳои интихоботӣ барои интихоботи президентӣ, ки 11 октябр таъин шудааст, дар назди сафоратҳо, намояндагиҳо ва консулгариҳои 29 кишвари хориҷӣ кушода мешаванд.

Дар ин бора зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон маълум шуд.

Ба гуфтаи раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода, дар қаламрави 29 кишвар 39 участкаи интихоботӣ кушода хоҳад шуд, то шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ овоз диҳанд.

Дар мулоқот инчунин масъалаҳои марбут ба дигар омодагӣ ба интихобот, аз ҷумла намунаҳо ва шаклҳои ҳуҷҷатҳои овоздиҳӣ тасдиқ карда шуданд.

Иқтисодчӣ, соҳибкор ва сиёсатмадор: номзади навбатӣ ба курсии Президент кист?

Ҳамзамон гурӯҳҳои кории Комиссияи марказӣ оид ба таъмини фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ, оид ба санҷиши асолати имзоҳои ҷамъоваришуда ба тарафдории номзади пешбаришуда таъсис дода шуданд.

Метро ва даромади пулакӣ ба Душанбе: ваъдаҳои Ғаффорзода дар сурати пирӯзӣ дар интихобот

Барои ҳамоҳангсозии хуб бо ВАО ва ҷомеа корҳои ташкилӣ оид ба баргузории интихоботи президентӣ идома дошта,  маркази матбуоти таъсис дода шуд.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (28)

Мавзӯъҳои асосӣ