03:35 02 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
155 0 0

Пандемияи ҷаҳонии коронавирус дар Тоҷикистон ба шумораи ҷойҳои нави корӣ таъсир нарасонд, балки ба арзиши хидматрасонии кормандон дар бозори дохилӣ таъсир расонд

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар корхонаю ташкилотҳои мухталиф беш аз 24,6 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд, иттилоъ медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ҳамин тариқ, дар пасманзари пандемияи коронавирус шумораи бекорон дар Тоҷикистон қариб 1% коҳиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти Агентии омор, беш аз 15,7 ҳазор ё 64% тамоми ҷойҳои нави корӣ барои одамон доимӣ мебошанд.

Дар баробари ин, боз 3,7 ҳазор ҷойҳои корӣ барқарор карда шуданд.

Айни замон, дар мақомоти меҳнатӣ шумораи расмии бекорони ба қайд гирифташуда 51,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин, дар навбати худ, нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2019 0,9% камтар аст.

Дар маҷмӯъ, аз оғози сол дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон беш аз 75 ҳазор нафар сабти ном шудааст. Тибқи маълумоти Агентии омор, ин нишондиҳанда, нисбат ба як соли пеш 3,2% камтар аст.

Дар Русия 40% муҳоҷирон бо сабаби коронавирус бекор мондаанд

Коршиносон қайд мекунанд, ки пандемияи коронавирус ба бозори меҳнат таъсири манфӣ расонидааст ва бинобар баста шудани сарҳадҳо замони авҷи рафтани муҳоҷирони меҳнатӣ аз баҳори соли 2020, аксари онҳо натавонистанд ба кор раванд.

Вазорати меҳнат гуфт, дар шаш моҳ чӣ қадар муҳоҷир ба Русия рафт

Ин ҳамзамон ба паст шудани арзиши хизматрасонӣ барои коргарон дар бозори дохилӣ таъсир расонид.

Барчаспҳо:
муҳоҷир, Русия, бекорӣ, ҷойи корӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ