Парванда алайҳи ронандаи мошине, ки дар пайи садамаи он Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд

© Дафтари матбуоти КҲФСадамаи маргборе, ки дар пайи он Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид
Садамаи маргборе, ки дар пайи он Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии шаҳри Душанбе нисбат ба Ислом Анварзода собиқ муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, ва писрари Анвар Қурбонзода раҳбари Корхонаи нассоҷии тоҷик парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Мақомоти додситонии пойтахт нисбат ба Ислом Анварзода собиқ муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар пайи садамаи нақлиётии автомашинаи таҳти идорааш, сарояндаи шинохтаи тоҷик Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд, паврандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.

Певец Бахром Гафури - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи ВКД: ронанда зинда монд, аммо мусофири мошин Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид

Тибқи иттилои манбаи  Sputnik Тоҷикистон аз додситонии пойтахт, парванда бо моддаи 212 қисми чори Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва истифодаи нақлиёт) оғоз шуада, аммо ҳоло бозпурсӣ бинобар вазъи саломатии ҷавобгар оғоз нашудааст.

Ҳамзамон гуфта мешавад, Ислом Анварзода аз кор дар ин мақомот дур карда шудааст.

Ёдовар мешавем, садамаи маргбор соати 4-и субҳи 7 август дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе воқеъ дар назди Донишгоҳи омӯзгории пойтахт рух дод.

"Хона холист, хонаи мо": охирон суруде, ки Баҳром Ғафурӣ натавонист пурра мунташир кунад

Ба иттилои ВУД, автомашинаи тамғаи “Ланд-крузер-200”, рақами қайди давлатиаш 01-57JJ01, таҳти идораи Анварзода Ислом Қурбони 29 сола ба автомашинаи тамғаи “Камаз” бархӯрдаааст.

Дар натиҷаи садамаи мудҳиш, мусофири дохили автомашинаи мазкур сарояндаи шинохта Баҳром Ғафурӣ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

"Руҳат шод бод, бародари азиз": таассуфи Шабнами Сурайё аз даргузашти Баҳром Ғафурӣ -навор

Худи ронанда Анварзода ва мусофири дигари автомашина Зарипов Баҳодур ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0