08:07 28 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
334 0 0

Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ бо сабаби мушкилоти саломатӣ нияти тарки вазифа карданашро эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ дар як нишасти матбуотӣ эълон кард, ки аз мақомаш меравад.

Сиёсатмадор мушкилоти саломатиро сабаби истеъфояш унвон кард.

"Узр мехоҳам, ки бидуни ҳалли масъалаи имзо кардани созиши сулҳ бо Русия меравам" гуфт сарвазири Ҷопон.

Абэ афзуд, ки ӯ вазифаҳои худро то он даме иҷро мекунад, ки ҷойгузини сазоворе барои ӯ пайдо шавад.

Интихоботи сарвазири нав дар ин кишвар моҳи сентябр баргузор мешавад.

Синзо Абэ бори аввал соли 2006 ба мақоми сарвазири Ҷопон нишаст.

Ҷопон ба Маркази тиббии "Шифобахш" таҷҳизот мехарад

Ӯ моҳи декабри соли 2012 дубора сарвазир интихоб шуд ва тӯлонитарин дар таърихи кишвар дар ин мақом мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ