12:14 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
47802

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаи қасди куштор ё расондани зарари вазнин ба саломатӣ дар Душанбе таҳқиқ мешавад

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба идораи милиса дар ноҳияи Сино ҷавони 22-сола аз қасди куштори худ хабар дод.

Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки ҳамдеҳааш аз ноҳияи Рӯдакӣ дар хонаи иҷорааш дар Душанбе қасди куштанаш кардааст.

“Бо ариза ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки санаи 11-уми августи соли 2020, тахминан соати 11:30-дақиқа, дар хонаи иҷоравиаш, воқеъ дар кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо банд гулӯяшро бӯғӣ карда, мехост ӯро ба ҳалокат расонад”, - омадааст дар иттилоияи расмии ВУД.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон илова намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
Душанбе, куштор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ