02:47 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
197 0 0

Молдова ба шаҳрвандони хориҷа ба қаламраваш иҷозаи вуруд дод, ба истиснои кишварҳое, ки дар онҳо хавфи сироятёбии коронавирус зиёд аст

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Нашрияи мустақили интернетии NewsMaker бо такя ба санади Комиссияи Миллӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи тандурустӣ хабар медиҳад, ки аз 1 сентябр Молдова омода аст шаҳрвандони хориҷиро аз як қатор кишварҳо қабул кунад.

Самолет Узбекских авиалиний
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Меъёри асосии иҷозати вуруд ба кишвар сатҳи сирояти коронавирус ба 100 ҳазор нафар мебошад.

Ҳамин тавр, аз 1 сентябр вуруд ба Молдова аз Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ иҷозат дода мешавад.

Ба "Минтақаи сурх", ки ба он  кишварҳои Украина, Руминия, ИМА, Испания, Исроил, Арманистон ва аксари кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ шомиланд, ба шаҳрвандонашон иҷозаи вуруд дода намешавад.

Черногория марзҳояшро барои шаҳрвандони Тоҷикистон боз кард

Гуфта мешавад,  Молдова аз кишварҳои  "Минтақаи сурх", ки  дар он ҳануз вазъ бо ин беморӣ ба эътидол наомадааст, танҳо шаҳрвандони худ, донишҷӯён ва омӯзгорони хориҷӣ, намояндагони намояндагиҳои дипломатӣ ва сайёҳони тиҷоратиро қабул мекунад.

Барчаспҳо:
мард, Молдова, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ