21:21 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
235 0 0

Ҳодиса шаби шанбе дар шаҳри Лелле ба вуқӯъ пайвастааст. Жэром Бондюэл ҳамроҳи ҳамсар ва дӯстонаш дучархасаворӣ мекардаанд

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Директори кулли ширкати истеҳсолкунандаи сабзавотҳои консервшуда "Бондюэл" Жером Бондюэл дар як садамаи нақлиётӣ ҳалок шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба шабакаи BFMTV.

Ҳодиса шаби шанбе дар шаҳри Лелле ба вуқӯъ пайвастааст. Жэром Бондюэл ҳамроҳи ҳамсар ва дӯстонаш дучархасаворӣ мекардаанд. Ронанда аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Даргузашти қаҳрамони асосии филми "Черная пантера"

Ба ҷои садама пизишкон бо мошини ёрии таъҷилӣ ҳозир шудаанд, вале аз ҷароҳатҳои бардошта Бондюэл ҷон бохтааст.

Суқути ситораи санъати тоҷик: даргузашти Баҳром Ғафурӣ - видео

Маҳсулоти ширкати "Бондюэль" натанҳо дар Фаронса, ки бо бренди Cassegrain фурӯхта мешавад, балки дар дигар кишварҳо аз қабили Русия, ИМА ва Канада машҳур аст.

Барчаспҳо:
раҳбар, ширкат, Фаронса, ҳалокат, садамаи нақлиётӣ

Мавзӯъҳои асосӣ