Суғд: дар 141 садамаи нақлиётӣ 75 нафар ба ҳалокат расидаанд

© Sputnik / Павел ЛьвовДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи рухдоди садамаҳои нақлиётӣ дар бештар аз 7 моҳи охир дар роҳу ҷодаҳои Суғд, 75 нафар ба ҳалокат расида, 156 тани дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд

ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Карим Ҷумъаев нозири шуъбаи тарғиботу ташвиқоти Бозрасии давлатии автомобилии Суғд бо ироаи омори садамаҳои нақлиётӣ гуфт, ҳарчанд теъдоди садамаҳои нақлиётӣ дар муқоиса ба ин давраи соли гузашта кам аст, вале шумори ҳалокшудагон ба 9 нафар зиёд шудааст.

"Дар 7 моҳу 20 рӯзи соли равон дар роҳҳои вилояти Суғд 141 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 75 нафар ба ҳалокат расида, 156 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд", - гуфт Ҷумъаев.

Бино ба иттилоъи манбаъ дар ин давраи соли гузашта 114 садамаи нақлиётӣ дар шаҳру навоҳии Суғд сабт шудааст ки бар асари он 66 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Новая эстакада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва бо суръати баланд: садама дар эстакадаи Душанбе - видео

Карим Ҷумъаев мегуяд, бештари ронандаҳо дар вақти сари чамбари мошин нишастан қоидаҳои ҳаракатро сарфи назар мекунанд ва чунин амалкарди худсаронаи онҳо ба рухдоди садамаҳо боис мегардад.

Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Ӯ дар суҳбат аз якчунин садамаи пурқурбонии чанд рузи қабл рухдода дар чорроҳаи ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан гуфт, ки дар натиҷаи бархурди ду Опел -Астра, ки якеаш ба Тоҷиев Азизбек Ихтиёрович, сокини ҷамоати Яхтани ноҳияи Деваштич тааллуқ дошт, мусофиронаш Мирғиёсова Шоираи 45 - сола, Абдуллоева Тутинисои 79 - сола ва Холиқбердиева Мавлудаи 33 - сола сокинони  ноҳияи Деваштич ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми дастрас намудан ба Беморхонаи шаҳри Истаравшан ба ҳалокат расидаанд.

Масъулини РБДА ВКД бо ироаи чунин омор аз ронандаҳо даъват намудааст, ки ҳангоми нишастан сари чамбари нақлиёт боэҳтиёт бошанд, қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя намоянд ва суръати воситаи нақлиётро беҳуда баланд накунанд.

Лентаи хабарҳо
0