14:25 26 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
195 0 0

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти як раҳбари ҷамоат дар ноҳияи Восеъ хабар медиҳад, ки дар заминфурӯшӣ муттаҳам мегардад

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Ҳалимов Амирхон Бобохонович дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ кор карда истода, ғайриқонунӣ даст ба фурӯши замин задааст.

Ба иттилои манбаъ,  номбурда  бо истифода аз мақоми хизматӣ, санаи 01 июни соли 2020 аз шаҳрванд “А” барои аз ҳудуди Ҷамоати мазкур ҷудо карда додани 0,05 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 14000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5000 сомониашро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимонда маблағро талаб намуд.

“3 июни соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҳалимов А.Б. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 9000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд”,- афзудааст манбаъ.

Боздошти як раиси ҷамоат дар Хатлон бо иттиҳоми фурӯши замин

Гуфта мешавад,вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳалимов А.Б.  бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷуҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Ёдовар мешавем ин ниҳод қаблан низ раҳарони ду ҷамоати навоҳии Ҷайҳун ва Қубодиёнро бо иттиҳоми фурӯши замин боздошт карда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ