06:41 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.05
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
364 0 0

Бо гузашти 17 рӯз аз ғарқ шудани чор узви як хонадон дар ноҳияи Айнӣ ҷасади яке аз онҳо пайдо  карда шудааст

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикстон аз дарёфти ҷасади яке аз чор фавтидагони узви як хонаводаи дар деҳаи Махшевати ноҳияи Айнӣ хабар дод.

Тибқи иттилои ин ниҳод, наздикии шоми дирӯз, 31-уми август наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Зарафшон ҷасади Гулҳавас Шоҳмирзоева 33-соларо пай до кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҷасади Гулҳаваси 33-сола дар ҳудуди маркази ноҳияи Айнӣ, соҳили дарёи Зарафшон мавзеъи зеристгоҳи баркӣ пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурда шуд.

Ёдовар мешавем,  санаи 15 августи соли равон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ғарқ шудани чор узви як хонавода дар ноҳияи Айнӣ хабар дод. Бино ба ин манбаъ, онҳо тахминан соати 09:50 – и рӯзи 14 август мехостанд савори заврақи худсохте дарёи Искандарро убур кунанд, аммо аз беэҳтиётӣ заврақ чаппа шуда, ҳамагӣ ба коми дарё рафтаанд.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар маҳалли ҳодиса аз сӯҳбат бо сокинон дарёфт, ки Исмоил Шоҳмирзоев ва се узви дигари хонаводааш на тариқи заврақи худсохт, балки аробаи танобӣ (ба истилоҳи мардуми деҳа, каталка) мехостанд аз як соҳили дарёи Искандар ба соҳили дигараш убур кунанд.

Заврақи худсохти марговар: чор узви як хонавода дар Айнӣ ба дарё ғарқ шуданд

“Ин аробаи танобиро худи Исмоил Шомирзоев сохта, аз он аз ин соҳил ба дигар соҳил рафта меомад. Ҳатто замоне, ки барои ширкати “Талко Голд” аз Махшевад хатти барқ мегузаронданд, чиниҳо тариқи ин ароба сементу дигар маводи сохтмониро интиқол медоданд. Коре шуд, ки ин ихтироъаш ҳам ба сари худаш расиду ҳам аъзои хонаводааш”, - гуфт яке аз ҳамсӯҳбатони мо.

Барчаспҳо:
пайдо кардани ҷасад, зан, Айнӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ