11:24 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2226 0 0

Навори қонуншиканиҳои намоишкоронаи як ҷавон сари чанбари мошини зоҳиран гаронарзиш дар роҳҳои шаҳри Хуҷанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд

ДУШАНБЕ, 1 сен - Sputnik. Бар асоси навор, ки ахиран нашр гардид, ҷавоне сари чанбари мошини зоҳиран гаронарзиш бо мусиқии баланд аз пушти мошини пулис ҳаракат карда, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд. Дар видео дида мешавад, ки ронанда қонуншиканиҳоро чанд бор такрор мекунад.

Дар идомаи навор, ки аз дохили худи мошин сабт шудааст, нозири роҳ назди мошин омада ҳуҷҷат мепурсад. Ронандаи ҷавон дар ҳоле, ки мусиқиро баланд мекунад, посух медиҳад, ки кадом ҳуҷҷат, чӣ хелӣ ҳуҷҷат? Ба дархости такрорӣ ҳам бо суол посух дода, мегӯяд, ки “сарум деҳ ака” ва бо ханда ба ҳаракат давом медиҳад.

Навори дигари қонуншиканиҳои ин ронанда дар Хуҷанд

Шореҳон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, маданияти ҳаракат дар роҳҳои Хуҷанд нисбатан боло буда, сигналзанию дашномдиҳӣ нисбатан кам ба назар мерасад ва аксаран қонуншиканию намоишкориро меҳмонон аз шаҳру навоҳии дигар роҳ медиҳанд.

"Руҳат шод бод, бародари азиз": таассуфи Шабнами Сурайё аз даргузашти Баҳром Ғафурӣ -навор

Бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ марги Баҳром Ғафурӣ, овозхони шинохтаи тоҷикро зикр кардаанд, ки бояд дарс барои чунин афрод шавад. Овозхони тоҷик ахиран қурбони рондани босуръати мошин аз ҷониби Ислом Анварзода, писари Анвар Қурбонзода, роҳбари корхонаи нассоҷии Тоҷикистон шуд.

Аз мақомот дархост шудааст, ки ҷазои чунин ҷавонон барои қонуншиканиҳои намоишкорона ва маъмури пулис барои хунукназарӣ дода шавад.

Барчаспҳо:
ҷазо, қонун, ронанда, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ