Президент фармони даъвати тирамоҳӣ ба аскариро имзо кард

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зери фармон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои таваллуди 1993-2002ба хизмати ҳарбӣ” имзо монд

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии, моҳҳои октябр-ноябри соли 2020 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари ҷумҳурӣ, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои адо намудани хизмати харбӣ даъват мешаванд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Супориш барои хизмати ҳарбии писарони вазирону вакилон ва имтиёзҳои нав баъди артиш

Тибқи фармони президент хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2020 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.

Дар фармони Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин омадааст, ки Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шаванд, ки бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус мукаммалгардонии онҳоро бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.

Коршинос Литовкин: Тоҷикистон ба пурзур намудани артиш ниёз дорад

Ҳамзамон ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳои ҳарбӣ дастур шудааст даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.

Маълум шуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон чанд танк дорад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаззаф шудааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.

Лентаи хабарҳо
0