13:49 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
259010

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 37 -солаи ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад, ки дар таҷовуз ва қатли духтарчаи 11- сола муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Бино ба иттиллои дафтари матбуотии ин ниҳод, муттаҳам сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.

Ба иттиллои манбаъ, номбурда, санаи 25-уми августи соли 2020, тахминан соати 12:30-дақиқа, духтарбачаи 11-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, муваққатан истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакиро бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, ӯро ба истгоҳи гардиши роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Гулистон бурда, барои қонеъ кардани нафси шаҳвониаш дар зери истгоҳ бо истифодаи зӯроварӣ ба номусаш таҷовуз кардааст.

Гуфта мешавад, муттаҳам баъдан барои пинҳон кардани ҷинояти содир кардааш номбурдаро ба қатл расонидааст.

Қатли бераҳмонаи шавҳар аз сӯи зан дар пойтахт

ВУД мегӯяд,  нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 ва 138 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
қатл, таҷовуз, боздошт, Рӯдакӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ