05:48 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
37401

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 56-солаи шаҳраки Ғончӣ хабар дод, ки дар қатли ҳамзисти духтараш айбдор мешавад

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, муттаҳам марди 56-сола, сокини шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич,  пеш бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои одамкушӣ суд шудааст. 

"Номбурда, санаи 28-уми августи соли 2020, тахминан соати 15:00 дар хонаи истиқоматиаш, аз сабабе, ки ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Истаравшан, бо духтараш - ҷавонзани 26-солаи сокини ҳамон ҷо, ҳамзист мебошад, муноқиша намуда, дар мошинсарои назди хонаи истиқоматиаш ҷабрдидаро лату кӯб намуда, бо болға якчанд маротиба ба сараш зада ба ҳалокат расонидааст", - омадааст дар иттилоияи нашркардаи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки дар пайи содир кардани ҷиноят, гумонбаршаванда бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти мазкур, ҷасадро бо автомашинаи шахсиаш тамғаи "Ваз-2107" ба ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи мазкур бурда, таги хок намудааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
ҷиноят, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ