14:56 26 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1017 0 0

Чархболи русии Ми-8АМТ барои интиқоли мусофирон ва интиқоли борҳои калонҳаҷм то амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парки худро бо чархболи Русия тавсеа дод, хабар медиҳад котиботи ширкат.

Ба итилои манбаъ, ширкат чархболи Ми-8АМТ-ро аз Русия харидааст, ки онро корхонаи авиатсионии Улан-Удэи холдинги “Вертолёты России” (Чархболҳои Русия) истеҳсол шудааст.корхонаи авиатсионии Улан-Удэи холдинги Вертолётҳои Русия истеҳсол кардааст.

“Чархбол дар шароити гуногуни иқлимӣ, аз ҷумла намии баланд, ҳарорати паст, шамоли сахт ва туман худро хуб нишон додааст. Чархболи Mи-8AMT барои иҷрои вазифаҳои гуноногун - аз интиқоли мусофирону борҳои калонҳаҷм то амалиётҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшӣ мутобиқ мебошад” ,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, чархбол имкони интиқоли то 24 нафар мусофирро дошта, иқтидори борбардориаш то 4 тонна ва дурии парвозаш то 800 км мебошад.

Нахустин парвози санҷишии чархболи нави Ми-8АМТ дар Тоҷикистон аз ҷониби озмоишгарони корхонаи истеҳсолкунанда дар арафаи 96-умин солгарди авиатсияи граждании Тоҷикистон дар масири Душанбе-ВМКБ-Душанбе анҷом дода шудааст.

“Дар ҷараёни он имкониятҳои техникии чархбол дар шароити душвори кӯҳистон, парвоз ва фуруд дар нуқтаҳои таъинотӣ озмуда шуданд”,-афзудааст котиботи ширкат .

Гуфта мешавад, Ми-8АТМ чархболи аввалини “Сомон Эйр” набуда, моҳи октябри соли 2019 ширкати ҳавопаймоӣ чархболи нави Airbus H125-ро бо мақсади рушди сайёҳӣ дар кишвар, таблиғи табиат, мероси таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ворид намуд.

Барчаспҳо:
чархбол, "Сомон Эйр", Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ