15:10 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
6808 0 0

Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 46-сола дар шаҳри Душанбе ва зани 29-сола дар шаҳри Хуҷанд, ки дар ташкили фоҳишахона гумонбар дониста мешаванд, хабар доданд

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik.  Бино бар иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи пойтахт зимни як амалиёт марди 46-солаи сокини пойтахтро бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карданд.

Тибқи иттилои манбаъ, номбурда, санаи 6-уми сентябри соли равон, хонаи истиқоматиашро, ки воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ аст ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 32-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо зани 35-солаи сокини шаҳри Душанбе шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Ҳамзамон ВУД Тоҷикистон аз боздошти як зани 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки ҳамчунин дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона гумонбар дониста мешавад хабар доданд.

Гуфта шудааст, ки номбурда, санаи 26-уми августи соли равон, дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба зани 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом ва марди 26-солаи сокини шаҳри Хуҷанд шароит фароҳам оварда, аз он онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қайд карданд, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишотро идома доранд.

Мавзӯъҳои асосӣ