01:41 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
852 0 0

Кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷасади ронандаи “Мерседес Бенс”-ро, ки санаи 18 августи соли равон бо чор мусофираш ба дарёи Варзоб сарозер шуда буд, пайдо кард

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, шоми дирӯз, 6-уми сентябр, соати тақриба  19:00 дақиқа наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷасади ронандаи 57-солаи мошини “Мерседес Бенс”-ро дар километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд пайдо ва ба хешовандонаш супурданд.

Мошини мазкур санаи 18-уми августи соли равон бо чор мусофираш ба дарёи Варзоб сарозер шуда буд. Аз он рӯз то кунун ҷустуҷӯи ҷасадҳо идома дошт.

Манбаъ таъкид доштааст, ки ронанда сокини шаҳри Душанбе Авайдулло Ҳасанов буда, 57 сол доштааст.

“Сабаби сарнагун шудани мошин маълум нест. Аммо ин як ҳодисаи хеле пурдаҳшати моҳи гузашта буд, ки сурат гирифт”, - қайд кардааст манбаъ.

Қаблан манбаъ хабар дода буд, ки дар километри 54-уми шоҳроҳ аз дохили дарё ҷасади 2 нафар аз мусофирон марди шахсияташон номаълум пайдо шуд ва онҳоро ба мақомоти дахлдор супурданд.

Дар ҳамин ҳол гуфта шудааст, ки дар айни замон ҷустуҷӯи ҷасади ду мусофири дигари мошин, сокини 49-солаи Панҷекат ва ҷавони 28-сола, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб идома дорад.

Барчаспҳо:
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ронанда, мусофир, ҷасад, Варзоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ