21:15 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ - 2020 (29)
80730

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон раҳбари худ Меҳроҷ Абдуллоевро номзад ба интихоботи президентӣ пешбарӣ кард

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар анҷумани ХХХ ғайринавбатии Ҳизби коммунист якдилона қарор қабул карда шуд, ки пешвои он Меҳроҷ Абдуллоев барои мансаби сарвари давлат мубориза хоҳад бурд.

Зиндагиномаи Меҳроҷ Абдуллоев

Абдуллоев Меҳроҷ Санонович 15 августи соли 1948 дар деҳаи Лангар-калон, ноҳияи Мӯъминободи вилояти Кӯлоб (ҳоло Хатлон) -и ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 1966 Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлобро хатм намуда, пас аз он ба ҳайси муаллими забони русӣ дар мактаби миёнаи рақами 1-и шаҳр ба кор шурӯъ кардааст.

Номбурда аз соли 1968 то 1970, дар сафи артиши Шӯравӣ дар дар Чехословакия хидмат кардааст. Пас аз хатм, ӯ ба ҳайси роҳбари курс ва сипас ба ҳайси сардори ситоди мудофиаи шаҳрвандии Кӯлоб кор кардааст.

Соли 1975 Абдуллоев ба сафи милитсияи минтақаи Кӯлоб дохил шуда, аввал дар вазифаи нозири калони Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб ва баъдан муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ таъин шудааст.

Соли 1982 ба Академияи Вазорати корҳои дохилии ИҶШС дар Маскав дохил шуда, пас аз ду сол онро бо дипломи аъло хатм кард.

Ӯ аз соли 1984 то 1991, дар Вазорати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб вазифаҳои роҳбариро ба ӯҳда дошт.

Соли 1992 ӯ сардори шӯъбаи маориф ва ҳифзи ҳуқуқии Раёсати корҳои дохилии вилояти Кӯлоб шуд, пас аз як сол ба вазифаи сардори раёсати маориф ва ҳифзи ҳуқуқии Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон гузаронида шуд.

Аз соли 1996 то 1997 Абдуллоев муовини сардори Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Ховалинг ва пас аз он, тӯли ду сол вазифаи муовини сардори ситоди Раёсати корҳои дохилиро дар минтақаи Хатлон ба зима дошт.

Моҳи январи соли 1999 ӯ ба Комиссияи давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Хатлон интиқол дода шуд. Аз моҳи июни соли 1999 то 2005, ӯ Раёсати Аагентии зидд маводи нашъаовари  Хатлонро роҳбарӣ кардааст.

Аз соли 2005 то 2014 ба ҳайси адвокат дар мақомоти шаҳрдории Кӯлоб кор кардааст. Соли 2016 Абдуллоев намояндаи ташкилоти байналмилалии хайрияи ҷамъиятии "Ҳомиёни Ватан" шуд.

Тӯли солҳои фаъолияти меҳнатияш Абдуллоев бо нишони сарисинагии "Аълочии Милитсияи Шӯравӣ", медалҳои "Барои хидматҳо" (дараҷаҳои I, II, III), "120-солагии И.В.Сталин", "100-солагии В.И.Ленин" ва ғайта,  мукофотонида шудааст.

Меҳроҷ Абдуллоев бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ҳарф мезанад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

Фаъолияти сиёсии Меҳроҷ Абдуллоев

Меҳроҷ Абдуллоев соли 1971 ҳангоми кор ба ҳайси роҳбари курс дар Ситоди Мудофиаи Граждании Кӯлоб ба сафи Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дохил шуд.

Фаъолияти депутатии Абдуллоев соли 1984, вақте ӯ узви Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Темурмалик шуд, оғоз ёфт. Вай дар ин вазифа то соли 1991 кор кардааст.

Аз соли 2010 то 2015 ӯ ваколати Маҷлиси вакилони халқи Кӯлобро ба буд.

Дар Пленуми моҳи октябри соли 2016 Абдуллоев котиби якуми кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоби Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон интихоб шуд ва пас аз ни сол, моҳи марти соли 2017, котиби КМ Ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ таъин шуд.

Даъвогар ба мансаби президентӣсоли 2017, дар Анҷумани ХХХIII Ҳизби коммунисти Тоҷикистон раиси он интихоб шуд.

Абдуллоев раҳбари сеюми Ҳизби коммунистии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.

Пас аз пошхӯрии СССР ва ба даст овардани истиқлолият аз соли 1991 то 2016, роҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро сиёсатмадор Шодӣ Шабдолов роҳбарӣмекард. Моҳи июли соли 2016 Исмоил Талбаков раисии онро ба зима гирифт, ки моҳи декабри ҳамон сол даргузашт.

Ҳолнома ва ваъдаҳои пешазинтихоботии номзаде, ки гуфт, дар Душанбе метро месозад, агар...

Пеш аз таъини Меҳроҷ Абдуллоев, ҳизбро муваққатан Мирзоазим Насимов барои шаш моҳ раҳбарӣ мекард.

Ваъдаҳои пешазинтихоботии Меҳроҷ Абдуллоев

Сиёсатмадор дар барномаи интихоботии худ диққати асосиро ба бунёди ҷомеаи сотсиалистии бар адолати иҷтимоӣ асосёфта равона мекунад, ки ба манфиатҳои мардуми меҳнатӣ ҷавобгӯ бошад.

Шиор: "Ҳар кас неъматҳои моддӣ ва маънавиро танҳо бо меҳнати ҳалол ба даст меорад."

Шиори маъракаи интихоботияш чунин аст: "Дар ҷомеа набояд бенаво ва бесарпаноҳ бошад!"

Ваъдаҳои довталаб ба курсии президентӣ:

  • Барқарор кардани ҳокимияти коргарон дар шакли шӯроҳо ва дигар шаклҳои ҳукумати халқӣ;
  • Ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, артиши миллӣ, судӣ, тартиботи ҷамъиятӣ;
  • Таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди ҳувият ва фарҳанги миллӣ. Пешниҳоди омодасозии кадрҳо бидуни маҳалгароӣ;
  • Ҳамоҳангсозии сатҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои кишвар;
  • Инфрасохтори иҷтимоии деҳотро беҳтар намудан, то шаҳрвандон хонаҳои худро тарк накунанд;
  • Таъмини аҳолӣ бо истиқлолияти энергетикӣ, алахусус, ба итмом расонидани сохтмони НБО Роғунро.
  • Бештар кардани шаклҳои давлатӣ ва ҷамъиятии моликият, баргардонидани амволи ғайриқонунӣ хусусигардида ва кӯҳна, ки бесамар истифода мешаванд.
  • Ташкили муҳокимарониҳо мунтазами ҷамъиятӣ  дар бораи қонунҳои ҳаётан муҳим ва масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ;
  • Назорати фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ ва пайгирии хароҷоти захираҳои моддӣ ва рушди иқтисодӣ;
  • Сарватҳои табиӣ ва заминро танҳо ба моликияти давлатӣ табдил доддан, ҷорӣ кардани таҷрибаи ба иҷора додани замин, танзими давлатии истеҳсолот, хусусан кишоварзӣ;
  1. Ташкили ниҳоди давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои кафолати таъминоти сӯзишворӣ, нуриҳо, техникаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ бо нархҳои дастрас бидуни миёнарав;
  • Омодасозии Барномаи ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз пешгирии биёбоншавӣ;
  • Ҷорӣ намудани таҳсили ройгон ва хидматрасонии ройгони тиббӣ;
  • Таъмини хизматчиёни давлатӣ бо шароити муқаррарии зиндагӣ пас аз ба нафақа баромадан;
  • Баргардонидани имтиёзҳо барои истифодаи барқ ​​ва газ барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони интернатсионалист, маъюбони садамаи Чернобил;
  • Татбиқи барномаи манзил. Пешниҳод шудааст, ки ба шаҳрвандон қарзҳои дарозмуддат дода шавад, то ҳар оила дар давоми 7-10 сол манзил харад.
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (29)
Барчаспҳо:
ҲКТ, номзад, интихобот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ