13:40 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
135101

Як модари 30 сола дар вилояти Хатлони кишвар бо бераҳмиии махсусе чор писари ноболиғи худро ба қатл расонидааст

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Назокатхон Тоироваи як модари  30 солаи зодаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон чор писари аз 1 то 9 солаи худро ба таври буғӣ кардан куштааст.

Бино ба иттиллои манобеи Sputnik Тоҷикистон аз ноҳияи Кӯшониён, ҳодисаи даҳшатбор рӯзи гузашта тақрибан соатҳои 17:00 сар задааст.

“Зан 4 писари ноболиғаш, ки  1,6,8, 9- сола буданд бо як бераҳмӣ ба таври буғӣ кардан куштааст. Пас аз куштани фарзандон худаш ба мақомот омада, хабар дод, ки ба чунин кор даст задааст”, - мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад, ҳоло нисбати  гумонбаршуда бо дастрасии моддаи 104, қисми 2, бандҳои “а”, “в”, ва “е”-и Кодекси ҷиноӣ  Одамкушӣ а) ду шахс ё бештар аз он; в) бараъло ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст ва е) бо бераҳмии махсус парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқ идома дорад.

Як манбаи дигар низ аз Кумитаи занони ноҳияи Кӯшониён ба Sputnik Тоҷикистон гуфт,  ҳодисаи мудҳиш дар ҷамоати Ориёни ноҳия рух дод.

Ин манбаъ гуфт, бо наздикон ва хешонвадони Назокатхон Тоирова мулоқот кардаан: "Мо бо наздикон ва ҳамсояҳои ӯ суҳбат кардем, гуфтанд, ки ягон масъалаҳои оилавӣ надоштанд. Ин хонавода қаблан дар Бохтар зиндагӣ мекарданд ва тули се чор моҳ аст, ки ба минтақаи мо омадан".

Манбаъ гуфт, модар ҳамчун бемори руҳӣ дар қайди табибон қарор доштааст.

Ба гуфти ӯ,  ин зан бемории рӯҳӣ дошт ва ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Барчаспҳо:
модар, фарзанд, қатл, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ